Интиқоли барқ ба баъзе кӯчаҳои Душанбе муваққатан қатъ мешавад

Имрӯз, 29 июл ба 4 кӯча ва 1 маҳалла (микрорайон)-и шаҳри Душанбе рӯзона интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад. Бино ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интқоли барқ ба кӯчаҳои М.Назаршоев, Б.Ғафуров, Р.Набиев, Севастополская ва маҳаллаи Буниҳисорак қатъ мегардад. Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи […]

Имрӯз, 29 июл ба 4 кӯча ва 1 маҳалла (микрорайон)-и шаҳри Душанбе рӯзона интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад.

Бино ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интқоли барқ ба кӯчаҳои М.Назаршоев, Б.Ғафуров, Р.Набиев, Севастополская ва маҳаллаи Буниҳисорак қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда, яъне пештар аз 16:00 барқарор карда шавад.

Таҷрибаи қатъи интиқоли барқ баҳри баргузории корҳои таъмир аввали моҳи ноябри соли гузашта хотима ёфта, бо танаффус дар рӯзҳои истироҳати ҷашни Наврӯз моҳи март дубора оғоз гардид. Аз охири моҳи апрел қатъи муваққатии интиқоли барқ бонавбат дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳо ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ширкати “Барқи тоҷик рӯзи 27 июл аз ҷониби роҳбарони ширкат дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ чизе гуфта нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.