Маршруткаҳо бо эстакада дар маҳаллаҳои 82 ва 91-ум равуо намекунанд

Микроавтобус (маршрутка)-ҳое, ки пештар бо роҳҳои гузариш дар маҳаллаҳои 82 ва 91-уми пойтахт ҳаракат мекарданд, дигар бо ин роҳҳо равуо намекунанд. “Айни замон бо ин роҳ автобусу троллейбусҳо ҳаракат дошта, ба микроавтобусҳо зарурат нест”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита директори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлат. Ба гуфтаи ӯ, ҳозир дар хиёбони Исмоили Сомонӣ […]

Микроавтобус (маршрутка)-ҳое, ки пештар бо роҳҳои гузариш дар маҳаллаҳои 82 ва 91-уми пойтахт ҳаракат мекарданд, дигар бо ин роҳҳо равуо намекунанд.

“Айни замон бо ин роҳ автобусу троллейбусҳо ҳаракат дошта, ба микроавтобусҳо зарурат нест”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита директори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳозир дар хиёбони Исмоили Сомонӣ тариқи маҳаллаҳои 82 ва 91-ум автобусу троллейбусҳо равуо дошта, хизматгузории саривақтии мусофиронро таъмин мекунанд.

“Ҳозир дар ин самт автобусҳои№8, 22, 25, 26 ва троллейбуси №10 ба хатсайрҳо мебароянд”, – иброз дошт Ҷумъахон Давлат.

Зимнан зикр шуд, ки микроавтобусҳои №8, 25, 17, 58 ва 26 тариқи кӯчаҳои Карамов ва Алишери Навоӣ то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ҳаракат карда, лекин “бо роҳи асосӣ равуо нахоҳанд кард”. Ӯ қайд кард, ки ҳозир микроавтобусҳо бо хатсайре, ки пас аз баста шудани роҳ муайян шуда буд, равуо мекунанд.

“Бар асари пандемия айни замон дар пойтахт ҳамагӣ 35% аз миқдори умумии нақлиёти мусофирбар истифода мешавад, яъне 144 автобусу троллейбус, 620 микроавтобус ва 890 такси дар як рӯз ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд, – гуфт ӯ. – Барои пешгирии паҳншавии сироят дар аксари хатсайрҳо танҳо автобусу троллейбусҳо равуо доранд”.

Ба савол дар бораи чӣ гуна халал расонидани коронавирус ба истифодаи 100% нақлиёти мусофирбар, шумори дақиқи автобусу троллейбусҳои ҳозир равуодошта дар роҳи эстакада Ҷумъахон Давлат посух надод.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар шаҳрдории пойтахт изҳор дошта буданд, ки ояндаи наздик микроавтобусҳо ба роҳи хатсайрҳои пешинаи худ бармегарданд.

“Ояндаи наздик микроавтобусҳои №№ 25, 52 ва 17, инчунин автобуси №38 дубора тариқи Қарияи Боло ҳаракат мекунанд. Микроавтобусҳои №№ 19 ва 54, автобуси №18, ки имрӯз аз назди бинои Прокуратураи генералӣ гузашта, ба дасти рост – маркази савдои “Ёвар” мегарданду ба Кӯли ҷавонон ва минбаъд бо хатсайр мераванд, ҳамчунин ба равуо тариқи Қарияи Боло бармегарданд”, – қайд карда буданд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки эстакадаи дуюми сесатҳа дар Душанбе аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии пойтахт рӯзи 10 июл ба истифода дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.