Иштироки 10 варзишгари тоҷикистонӣ дар Олимпиадаи Токио

Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии-2021 дар Токио на камтар аз 10 нафар варзишгаронро фиристоданист. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Абдулло Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус ба варзишгарони тоҷикистонӣ, ки барои гирифтани роҳхат ба Олимпиада довталабӣ мекарданд, монеъа эҷод кард. “Агар мусобиқаҳои интихобӣ саривақт барпо мешуданд, аксарияти онҳо ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии-2021 дар Токио на камтар аз 10 нафар варзишгаронро фиристоданист.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Абдулло Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус ба варзишгарони тоҷикистонӣ, ки барои гирифтани роҳхат ба Олимпиада довталабӣ мекарданд, монеъа эҷод кард.

“Агар мусобиқаҳои интихобӣ саривақт барпо мешуданд, аксарияти онҳо ба дарёфти роҳхат омода буданд ва мо имрӯз ба 6-7 роҳхат соҳиб мешудем, – қайд кард ӯ. – Айни замон ду роҳхат дорем”.

Муовини раиси Кумита, қаҳрамони амалкунандаи олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров зикр кард, ки барои иштирок дар Олимпиадаи Токио ба Тоҷикистон 3 квота – 2-то дар шиноварӣ ва 1-то дар варзиши сабук ҷудо мешавад.

Худи Дилшод Назаров низ дар Бозиҳои олимпии Токио иштирок карданист.

“Мушкили вобаста ба ман, ки гӯё дар ташхиси ман маводи манъшуда ёфтаанд, бояд баҳор ҳал мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус масъала ба таъхир афтод. Адвокатам ба ин масъала машғул аст ва умеворам, ки он ба таври мусбат ҳал мешавад”, – гуфт ӯ.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони Тоҷикистон дар 25 мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат варзида, 92 медал, аз ҷумла 27 медали тилло ба даст овардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 медал камтар аст.

“Сабаби кам шудани шумори медалҳо ба вақти номуайян мавқуф гузоштани мусобиқаҳои муҳими варзиши ҷаҳонӣ дар робита ба пандемияи коронавирус мебошад”, – шарҳ дод Абдуллозода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.