Беш аз 100 мактаби вилояти Хатлон дар мавзеъҳои хавфноканд

Дар қаламрави вилояти Хатлон 119 мактаби таҳсилоти миёна дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд. Ин маълумот имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон баён шуд. “Аз ин шумора 70 мактаб дар минтақаи Кӯлоб ва 59 адади онҳо дар минтақаи Бохтар мебошанд. Дар ин мактабҳо 56 ҳазору 332 нафар хонандагон таҳсил мекунанд”, – гуфт масъули ин ниҳод Вафо […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар қаламрави вилояти Хатлон 119 мактаби таҳсилоти миёна дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд. Ин маълумот имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон баён шуд.

“Аз ин шумора 70 мактаб дар минтақаи Кӯлоб ва 59 адади онҳо дар минтақаи Бохтар мебошанд. Дар ин мактабҳо 56 ҳазору 332 нафар хонандагон таҳсил мекунанд”, – гуфт масъули ин ниҳод Вафо Ашуров.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки барои кӯчондани ин мактабҳо ба мавзеъҳои бехавф маълумоти зарурӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудааст. Бо фароҳам омадани шароит онҳо мувофиқи нақша давра ба давра кӯчонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 21-уми март бар асари омадани сел дар баробари хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 осеб дида буд. Ҳамчунин мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ҳамин ҷамоат бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 майи соли равон пурра хароб шуд. Тибқи дастури сарвазири Тоҷикистон ин мактаб бояд дар ҷойи бехавф аз нав сохта шавад.

Дар маҷмӯъ, тӯли шашмоҳаи аввали соли равон 3 офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 кас фавтида, ба хоҷагии халқи вилоят ба маблағи 8 миллиону 218 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.