Бозгашти 190 тоҷикистонӣ аз Қазоқистон ба Душанбе

Date:

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон бо сабаби пандемия коронавирус дармонда буданд, рӯзи 4 август бо парвози чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд.

“Бо дастури ҳукумат ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори Қазоқистон боз 190 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайри “Сомон Эйр” аз шаҳри Алмато ба Душанбе оварда шуданд”, – хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Чанде пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 16,5 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...