Бозгашти 190 тоҷикистонӣ аз Қазоқистон ба Душанбе

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон бо сабаби пандемия коронавирус дармонда буданд, рӯзи 4 август бо парвози чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд. “Бо дастури ҳукумат ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори Қазоқистон боз 190 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайри “Сомон Эйр” аз шаҳри Алмато ба Душанбе оварда шуданд”, – хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар. […]

Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон бо сабаби пандемия коронавирус дармонда буданд, рӯзи 4 август бо парвози чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд.

“Бо дастури ҳукумат ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти дахлдори Қазоқистон боз 190 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайри “Сомон Эйр” аз шаҳри Алмато ба Душанбе оварда шуданд”, – хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Чанде пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 16,5 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.