Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ идома меёбанд

Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. “Мисли пешин аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Екатеринбург ва ғайра 14 парвоз анҷом […]

Мусои Бобоҳоҷӣ

Тоҷикистон то барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

“Мисли пешин аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Екатеринбург ва ғайра 14 парвоз анҷом дода мешавад. Ҳар рӯз ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ва дар ду рӯз як бор ширкати “Тоҷик Эйр” аз Маскав парвозҳои чартерӣ иҷро мекунанд. Дар як парвоз ширкати “Сомон Эйр” 184 нафар ва “Тоҷик Эйр” – 216 нафар мусофиронро ба Тоҷикистон меорад”, – қайд карданд дар сафорат.

Зимнан зикр шуд, ки Тоҷикистон ба дубора барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия комилан омода аст.

“Алҳол санаи дақиқи барқарор кардани алоқаи мунтазами ҳавоӣ маълум нест, лекин умедворем, ки ояндаи наздик он амалӣ хоҳад шуд”, – гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 16,5 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ аз 25 июн шурӯъ кард. Мусофирон шикоят мекунанд, ки билетҳо ба ин парвозҳо хеле қимат буда, бо ин нарх имкони харидории онро надоранд.

Арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Дилшод Исматуллозода, директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” бар ин назар аст, ки билетҳо ба хатсайроҳои чартерӣ начандон гаронанд. “Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, – гуфт Исматуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.