То оғози соли нави хониш нақлиёти мусофирбари Душанбе 100% ба кор медарояд

Ду рӯз пеш аз оғози соли нави хониш, ки дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегардад, ҳамаи нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ба кор дароварда мешавад. Айни замон ҳамагӣ 35%-и нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунад. “То оғози соли хониш нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 100% ба кор сафарбар мешавад, яъне 559 автобусу троллейбус, инчунин 1 654 микроавтобус […]

Ду рӯз пеш аз оғози соли нави хониш, ки дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегардад, ҳамаи нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ба кор дароварда мешавад. Айни замон ҳамагӣ 35%-и нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунад.

“То оғози соли хониш нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 100% ба кор сафарбар мешавад, яъне 559 автобусу троллейбус, инчунин 1 654 микроавтобус (маршрутка) ва 2629 такси ба хатсайрҳо мебароянд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлат.

Айни замон дар пойтахт ҳамагӣ аз 35%-и нақлиёти мусофирбар истифода мешавад: 144 автобусу троллейбус, 620 микроавтобус ва 890 такси.

Машғулиятҳои соли нави хониш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 17 август оғоз мегарданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Сиоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии коронавирус қабул шудааст.

“Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта як давраи мутобиқшавӣ хоҳад буд. Дар ду ҳафта мавзӯъҳои охири соли гузашта мавқуфмонда омӯхтаву такрор шуда, сипас соли нави хониш оғоз мегардад”, – гуфт вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.