Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Лубнон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки ба ҳалокату даҳҳо касу осеби ҳазорон нафар боис гардид, ба президенти ин кишвар Мишел Аун барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари ба амал омадани таркиш дар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки ба ҳалокату даҳҳо касу осеби ҳазорон нафар боис гардид, ба президенти ин кишвар Мишел Аун барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт”.

“Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам”, – изҳори ҳамдардӣ шудааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут рӯзи 4 август дар мавзеи бандар ҳазорҳо тонна селитраи аммиакӣ таркид. Шумори ҳалокшудагон бар асари ин таркиш аз 70 то 100 нафар ва теъдоди осебдидагон наздики 4 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.