Ҷаримаи ҷавони 28-сола барои шикастани оинаи истгоҳи пойтахт

Дар кӯчаи Маяковский рӯзи 6 август як нафар ҷавонписар барои шикастани оинаи истгоҳи наву замонавӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дастгир шуд. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов соли таваллудаш 1992 зодаи н. Фархор истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский мебошад. Номбурда […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар кӯчаи Маяковский рӯзи 6 август як нафар ҷавонписар барои шикастани оинаи истгоҳи наву замонавӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дастгир шуд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов соли таваллудаш 1992 зодаи н. Фархор истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский мебошад.

Номбурда санаи мазкур тақрибан соати 03:00 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ бо дастонаш оинаи қисмати чапи истгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковский назди бинои № 65-ро зада шикастааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шуд.

Гуфта мешавад, илова бар ин аз ҷониби волидайни ҷавон зарари расонидашуда барқарор гардида, оинаи шикасташуда харидорӣ ва насб карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.