Ҳабси сарояндаи ҷавон Шаҳриёри Давлат барои нашри “пранк”

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Шаҳриёр Давлатов, сарояндаи ҷавони тоҷикро барои нашри “пранк”, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд, боздошт ва ҳабс намуданд. Бино ба иттилоаи РВКД дар шаҳри Душанбе, ин сарояндаи ҷавон наворро дар  ютуб-шабакаи шахсии худ нашр намудааст, ки мавриди вокуниши манфии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Шаҳриёр Давлатов, сарояндаи ҷавони тоҷикро барои нашри “пранк”, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд, боздошт ва ҳабс намуданд.

Бино ба иттилоаи РВКД дар шаҳри Душанбе, ин сарояндаи ҷавон наворро дар  ютуб-шабакаи шахсии худ нашр намудааст, ки мавриди вокуниши манфии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Ва корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбат ба чунин блогерон чораҷғӣ шавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст. Дар навор дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд.

“Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст”, – омадааст дар хабар.

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳамаи он нафароне, ки дар омода ва паҳн намудани навори мазкур даст доранд муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.