БОР ба Тоҷикистон баҳри мубориза бо COVID-19 $2,5 млн гранти иловагӣ медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон ҷудо кардани гранти иловагиро ба маблағи 2,5 млн доллар маъқул донист. Тавре дар сомонаи Бонк хабар дода мешавад, ин маблағ аз Фонди вокуниш ба офатҳои табиии Осиёву Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи тадбирҳои ҳукумат дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҷудо мешавад. “Бонки осиёии рушд комилан ҷонибдори он аст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон ҷудо кардани гранти иловагиро ба маблағи 2,5 млн доллар маъқул донист.

Тавре дар сомонаи Бонк хабар дода мешавад, ин маблағ аз Фонди вокуниш ба офатҳои табиии Осиёву Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи тадбирҳои ҳукумат дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҷудо мешавад.

“Бонки осиёии рушд комилан ҷонибдори он аст, ки ба Тоҷикистон дар то ба ҳадди ниҳоӣ паст овардани таъсири пандемия ба солимии одамон ва иқтисоди кишвар кумак кунад”, – гуфтааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава.

Гуфта мешавад, гранти мазкур ба Тоҷикистон дар таъҷилан харидории маводу лавозимоти зарурии тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 мувофиқи нақшаи миллии вокуниш ёрӣ мерасонад.

“Аз ҳисоби ин грант харидории таҷҳизоти тиббӣ ва дигар чорабиниҳо баҳри кумак ба ҳукумат дар ҳалли таъҷилии мушкили вобаста ба мубориза бо пандемия низ маблағгузорӣ мешаванд”, – гуфтааст Прадип Сривастава.

Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 928 ҳазору 200 доллар грант кумаки техникӣ ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.