Дар Тоҷикистон бонки нави саноатӣ-содиротии “Саноатсодиротбонк” ба кор оғоз мекунад

Бонки нав дар заминаи Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои соҳибкорон таъсис дода мешавад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” ба КВД “Бонки саноатӣ-содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” табдил дода мешавад. Ба бонки нав дастур дода шудааст, ки мутобиқи қонунгузории бонкии кишвар ҷиҳати дарёфт намудани иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки нав дар заминаи Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои соҳибкорон таъсис дода мешавад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” ба КВД “Бонки саноатӣ-содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” табдил дода мешавад.

Ба бонки нав дастур дода шудааст, ки мутобиқи қонунгузории бонкии кишвар ҷиҳати дарёфт намудани иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунад.

Вазорати молия ба пешбинӣ кардани маблағи муайян дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои зиёд кардани фонди оиномавии “Саноатсодиротбонк” уҳдадор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.

“Барои фаъолияти пурсамар ҳамасола ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатиро ба ин бонк афзудан лозим аст”, – гуфт президент.

Нимаи моҳи феврали соли равон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонки таъсисмеёфта корҳо ҷараён дошта, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад” – иброз дошт ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, номгӯйи амалиёте муайян карда мешавад, ки ба воситаи ин бонк анҷом доданаш имконпазир бошад.

“Мо ягона бонки давлатӣ – “Амонатбонк” дорем. Дар робита ба шароити имрӯзаи бахши бонкии кишвар намехоҳем, ки ҳамаи сарбориву душвориҳо бар дӯши як бонк вогузор шавдад. Аз ин рӯ, шароит муҳайё месозем, ки боз як бонки давлатии дигар ба кор даромада, ба соҳаҳои воқеии иқтисод маблағгузорӣ кунад”, – гуфт Қаҳҳорзода.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 бонки тиҷоратӣ фаъолият доранд, ки байни онҳо танҳо яктоаш – “Амонатбонк” давлатӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.