Оромиву осоиш. Дастури Рустами Эмомалӣ оид ба муқаррар намудани реҷаи дақиқи кори бозорҳои пойтахт

Барои муқаррар намудани реҷаи дақиқи кори иншооти савдо ва хизматрасонии маишӣ дар пойтахт комиссияи махсус таъсис дода шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ҳайати комиссия кормандони дастгоҳи раиси пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони аҳли ҷомеа шомил гардиданд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба комиссия дастур дод, ки зимни таҳияи […]

Барои муқаррар намудани реҷаи дақиқи кори иншооти савдо ва хизматрасонии маишӣ дар пойтахт комиссияи махсус таъсис дода шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ҳайати комиссия кормандони дастгоҳи раиси пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони аҳли ҷомеа шомил гардиданд.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба комиссия дастур дод, ки зимни таҳияи реҷаи кории иншооти мазкур масъалаҳои вобаста ба риояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва таъмини оромиву осоиши шаҳрвандон дар вақти шабона ба инобат гирифта шавад.

Комиссия дар муддати як моҳ бояд ба раиси шаҳр лоиҳа дар бораи реҷаи кории иншооти савдо ва хизматрасонии маиширо пешниҳод намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.