Вазири нақлиёти Тоҷикистон қасди худкушӣ кард

Субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард. Бино ба иттилои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст. Гуфта мешавад, ҳамсари […]

Субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст.

Гуфта мешавад, ҳамсари вазир Қаландарова А., писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Сӯфишоева ва дигар аъзои оилаааш, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд.

“Айни ҳол, Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад”, – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  идома дорад.

Қобили зикр аст, ки Худоёр Худоёрзода аз соли 2017 ба ҳайси вазири нақлиёти Тоҷикистон фаъолият дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.