Ислоҳот дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи ислоҳот низоми иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар давраи то соли 2030 тасдиқ кард.

Муаллифони санад эътироф мекунанд, ки дар ин низом то ҳол як қатор мушкилот ҳалношуда боқӣ мемонад.

Аз мушкилот дар санад шумори зиёди маҳкумшудагон, душвории таъмини зисту назорати онҳо, пешгирии қонуншиканӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, ба шуғл фаро гирифтани маҳбусон, таъмини амният, баргузории корҳои тарбиявӣ, муолиҷаи маҳбусони бемори силу ВНМО, таъмин бо ғизо ва шароити мусоиди моддӣ-маишӣ қайд мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки макон ва бинои муассисаҳои талимӣ ҳанӯз солҳои 30-50-уми асри гузашта сохта шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд ва онҳо рӯ ба вайронӣ овардаанд.

“Ҳамасола шумори маҳбусони ҳабси якумрӣ афзуда, онҳо бояд дар ҳуҷраи алоҳидаи зиндонҳо ҷудогона бидуни имкони сайругашт ва гуфтугӯ нигоҳ дошта шаванд, лекин дар ҷумҳурӣ якто чунин зиндон дар шаҳри Бохтар амал мекунад, ки ба ҷойгиркунии ҳама онҳо имкон надорад”, – қайд мешавад дар Стратегия.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки фарогирии маҳкумшудагон ба кор ҳамагӣ 20% аз шумори умумии маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳиро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Маркази байнулмилалии таҳқиқоти зиндонҳо, дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон наздики 10 ҳазор маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 боздоштгоҳҳои тафтишотӣ (СИЗО), 8 муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи сукунат амал мекунанд.

Муассисаи ислоҳии аз ҳама кӯҳнатарин зиндони Душанбе мебошад, ки соли 1935 сохта шуда, барои нигаҳдории 1,5 ҳазор маҳбус пешбинӣ шудааст.

Аввали соли равон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки маҷмааи биноҳо дар маркази Душанбе, ки дар он зиндон ва тафтишгоҳҳои муваққатии Вазорати адлия ва КДАМ воқеъ аст, кӯчонида шуда, маҳкумшудагон ба муассисаи нав дар шаҳри Ваҳдат, ки ба наздикӣ сохтмонаш ба анҷом мерасад, гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...