Тоҷикистон аз Чин сабуктар сохтани уҳдадориҳои қарзиро дархост кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба Чин пешниҳод кард, ки бо назардошти оқибатҳои пандемияи коронавируси нав шартҳои уҳдадориҳои қарзии кишварро сабуктар созад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Қарзи Тоҷикистон назди “Эксимбонк”-и Чин 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қариб 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ (наздики 3,1 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Чин пешниҳод кард, ки бо назардошти оқибатҳои пандемияи коронавируси нав шартҳои уҳдадориҳои қарзии кишварро сабуктар созад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Қарзи Тоҷикистон назди “Эксимбонк”-и Чин 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қариб 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ (наздики 3,1 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 338,5 млн, Бонки осиёии рушд – 287,3 млн, Бонки исломии рушд – 131,9 млн доллар қарздор буда, ҳаҷми уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи евробондҳо 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди кишвар афзуда шавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, давоми солҳои 2007-2009 Чин ба иқтисоди Тоҷикисон беш аз 2,8 млрд доллар сармоягузорӣ анҷом додааст.

Сармояҳои Чин дар ин давра ба рушди бахшҳое чун иқтисоду алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, корҳои иктишоф ва истихроҷи геологӣ, насби таҷҳизоти техникӣ равона шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамрализода охири моҳи июли соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар робита ба пандемияи коронавирус соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 30-50% кам мешавад.

Ӯ илова намуд, ки аксарияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои Чин амалӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио