Бозгашти 60 нафар тоҷикистониён аэ Эрон ба Душанбе

Date:

Рӯзи 13 август дар партави дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Эрон 60 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин хатсайр Эрон ният дошт, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристад.

“Лекин бо сабаби мушкилоти техникӣ ва душвориҳои вобаста ба парвоз ирсоли кумак мавқуф гузошта шуд. Кумак бо парвози минбаъда, ки ба наздикӣ сурат мегирад, фиристода мешавад”, – итминон доданд дар сафорат.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 17 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Қобили зикр аст, ки арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд.

“Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, – гуфт ӯ зимни нишасти матбуотӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...