Бозгашти 60 нафар тоҷикистониён аэ Эрон ба Душанбе

Рӯзи 13 август дар партави дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Эрон 60 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин хатсайр Эрон ният дошт, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристад. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзи 13 август дар партави дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Эрон 60 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин хатсайр Эрон ният дошт, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристад.

“Лекин бо сабаби мушкилоти техникӣ ва душвориҳои вобаста ба парвоз ирсоли кумак мавқуф гузошта шуд. Кумак бо парвози минбаъда, ки ба наздикӣ сурат мегирад, фиристода мешавад”, – итминон доданд дар сафорат.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 17 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба баровардани шаҳрвандони худ аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Корея, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия ва дигар кишварҳо аз 25 июн шурӯъ кард.

Қобили зикр аст, ки арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд.

“Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, – гуфт ӯ зимни нишасти матбуотӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.