Омодагии мактабҳои Тоҷикистон ба оғози дарсҳо

Мактабҳо дар Тоҷикистон ба соли нави хониш омода мешаванд. Имсол тартиби хониш ба куллӣ фарқ хоҳад кард. Мо бо рафти омодагӣ ба оғози машғулиятҳо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбе шинос шудем. Дар даромадгоҳи ин таълимгоҳ аллакай қолинчаҳои безараргардонӣ партофтаанд. Оғози таҳсил бошад, навбатдорон ҳарорати кӯдаконро санҷида дастонашонро поккорӣ мекунанд ва ба онҳо ниқоб […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Мактабҳо дар Тоҷикистон ба соли нави хониш омода мешаванд. Имсол тартиби хониш ба куллӣ фарқ хоҳад кард.

Мо бо рафти омодагӣ ба оғози машғулиятҳо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбе шинос шудем.

Дар даромадгоҳи ин таълимгоҳ аллакай қолинчаҳои безараргардонӣ партофтаанд. Оғози таҳсил бошад, навбатдорон ҳарорати кӯдаконро санҷида дастонашонро поккорӣ мекунанд ва ба онҳо ниқоб медиҳанд.

Дар долонҳо барои риояи масофа хатҳои уфуқӣ кашидаанд. Кӯдакон бояд дар масофаи 1,5 метр аз ҳамдигар гаштугузор кунанд ва қатъиян бо самтҳои муайяншуда гузаранд.

Тибқи қоидаҳои нав масофа байни мизҳо бояд на камтар аз 1 метр бошад. Кӯдакон сари мизҳо якнафарӣ шинонида мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки на ҳамаи мактабҳо метавонанд фосилаи иҷтимоиро дар синфҳо ҷорӣ кунанд. Аксари синфхонаҳо дар мактабҳои ҳамагонии кишвар масоҳати кам ва то 30-35 нафар хонанда доранд.Толорҳои хониш барои ингуна ҷобаҷокунӣ намерасад.

Ёдрас мекунем, ки соли нави хониш имсол дар Тоҷикистон аз 17 август шурӯъ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио