Даргузашти сарояндаи маъруфи тоҷик Ҷамшед Исмоилов

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов рӯзи 16 август дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод, худи ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе дафн карданд. Ба гуфтаи манбаъ, ахиран марҳум аз бемории диабети қанд азият кашида, чанд рӯз пеш […]

Аваз Юлдошев

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов рӯзи 16 август дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод, худи ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе дафн карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ахиран марҳум аз бемории диабети қанд азият кашида, чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаааст. Баъди хатми мактаби миёнаи шаҳр соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

Ҷамшед Исмоилов дорои маълумоти дуюми олӣ бо ихтисоси филологи забон ва адабиёти тоҷик низ мебошад, ки барои гирифтани ин ихтисос ғоибона дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон як муддат ба ҳайси муовини вазири фарҳанг ва иттилоот кор кардааст.

Аввалин суруди маъруфи овозхон “Аз зери чодарат” мебошад, ки то ҳол байни мардум писандида аст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио