Пешбарии Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба президенти Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 август анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) доир гардид. Дар ин анҷуман вакилон пешвои ҳизби худ – раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоровро номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Зимни суханронӣ дар анҷуман Ғаффоров қайд кард, ки тӯли 24 соли мавҷудият ҳизб дар ҳамаи рӯйдоду ҷараёнҳои сиёсии кишвар иштирок кардааст. Дар […]

Аваз Юлдошев

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 август анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) доир гардид.

Дар ин анҷуман вакилон пешвои ҳизби худ – раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоровро номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар анҷуман Ғаффоров қайд кард, ки тӯли 24 соли мавҷудият ҳизб дар ҳамаи рӯйдоду ҷараёнҳои сиёсии кишвар иштирок кардааст.

Дар барномаи пешазинтихоботии ҲСТ масъалаи интихоби кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, хусусигардонии моликияти давлат, масоили рушди фарҳангу маориф аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳим ба шумор мераванд.

Қобили зикр аст, ки номзадии Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ пешбарӣ гардида буд. Он замон ӯ мутаносибан 2,8% ва 1,5% овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буд.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 15-уми июни соли 1996 дар анҷумани Хуҷанд таъсис дода шуд. Муассиси ҳизб адвокати маъруф, собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев буд.

Рӯзи 6-уми августи соли 1996 ин ҳизб дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Сафаралӣ Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.

Соли 2000 олими соҳаи физика Мирҳусейн Назриев раиси ҳизб интихоб шуд.

Аввали соли 2004 ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Яке аз ҷиноҳҳо бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, ҷиноҳи дигар таҳти сарварии Мирҳусейн Назриев мавқеи мухолифи ҳукуматро дошт.

Ҳар ду ҷиноҳ ҳам номи “Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон”-ро барои худ нигоҳ доштанӣ буданд, аммо Вазорати адлия зери ин ном ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро сабтином кард.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.