Тоҷикистону Қирғизистон ба гуфтушунидҳо оид ба муайян кардани хати сарҳад тақвият мебахшанд

Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт. Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳамраисони комиссияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт.

Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳамраисони комиссияи мазкур муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров мебошанд.

Рӯзи 24 август бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Зимни гуфтугӯ як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд.

Дар мулоқот муҳимияти доимо баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ то пурра расмияти қонунӣ гирифтани хати сарҳад бар асоси муқаррароти созишномаҳои имзошуда ва санадҳои комиссияи байниҳукуматӣ таъкид шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.