S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро тасдиқ кард

Агентии байнулмилалии рейтингии Standard & Poor’s рейтингҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлати Тоҷикистонро аз рӯйи уҳдадориҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар сатҳи«B-/B» тасдиқ кард. Аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир буда, лекин шароити номусоиди иқтисодӣ метавонад ба имкони пардохтҳо таъсири манфӣ расонад. Дар варақаи матбуотии Агентӣ гуфта мешавад, дурнамои тағйири рейтингҳо “устувор” аст. “Мо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии байнулмилалии рейтингии Standard & Poor’s рейтингҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлати Тоҷикистонро аз рӯйи уҳдадориҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар сатҳи«B-/B» тасдиқ кард.

Аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир буда, лекин шароити номусоиди иқтисодӣ метавонад ба имкони пардохтҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар варақаи матбуотии Агентӣ гуфта мешавад, дурнамои тағйири рейтингҳо “устувор” аст.

“Мо афзоиши босуръати касри буҷет ва бад шудани нишондиҳандаҳои робитаҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2020 бар асари оқибатҳои иқтисодии пандемияи COVID-19 интизорӣ дорем”, – қайд мекунанд коршиносони Standard & Poor’s.

Тибқи пешгӯйиҳои Агентӣ, шурӯъ аз соли 2021 касри буҷети давлатӣ ва касри тавозуни пардохти кишвар коҳиш меёбанд.

Дурнамои “устувор”-и рейтингҳо ифодагари ақидаи коршиносон дар ин бора аст, ки сустшавии суръати рушди иқтисод бештар дар соли 2020 ба мушоҳида расида, номутавозинии буҷет ва нишондиҳандаи муносибатҳои иқтисодии ххориҷӣ дар дурнамои миёнамуҳлат бартараф мешаванд.

“Дар дурнамои миёнамуҳлат талаботи афзояндаи кишвар дар пардохтпазирии беруна аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшуда аз ташкилотҳои байнулмилалӣ ва мададрасон, инчунин ниҳодҳои рушд қонеъ карда мешаванд”, – қайд мешавад дар варақаи матбуотӣ.

Standard & Poor’s  ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.

Бар асоси созишнома Агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии Агентӣ оид ба рейтинги додашуда барои ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байнулмилалии молиявӣ боз мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.