Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани ҲХДТ интихоб шуд

Президенти Тоҷикистон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси вилоятии ҳизб дар Хоруғ вакил интихоб шудааст. “Ба ин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар саросари кишвар ба охир расид, – қайд кард манбаъ. – Беш аз […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси вилоятии ҳизб дар Хоруғ вакил интихоб шудааст.

“Ба ин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар саросари кишвар ба охир расид, – қайд кард манбаъ. – Беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён вакили анҷуман интихоб шуданд”.

Қобили зикр аст, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар он аз пешбарии номзади ҳизби ҳоким ба мансаби президентӣ интизорӣ меравад, рӯзи 3 сентябр дар маҷмааи “Кохи Борбад” баргузор мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.