Ташрифи ҳайати бонуфузи олимони ӯзбек ба Душанбе

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" Конференсияи байнулмилалӣ ба кор оғоз кард. Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ҳайати бонуфузи олимону муҳаққиқон ва коршиносони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" Конференсияи байнулмилалӣ ба кор оғоз кард.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ҳайати бонуфузи олимону муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи кишвари ҳамсоя бо роҳбарии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон академик Акмал Саидов иштирок мекунад.

Олимон ва коршиносони ӯзбек (ҳамагӣ 21 нафар) бо хатсайри махсуси чартерӣ аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

Ба ҷуз ҷаласа ва маърӯзаҳо дар мавзӯи зикршуда, инчунин вохӯриҳои ҷудогона низ баргузор мешаванд, ки дар онҳо коршиносон ва мутахасссисони ҳар ду кишвар атрофи маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.