Абдумалик Қодиров дабири кулли Медиа-Алянси Тоҷикистон интихоб шуд

Date:

Маҷлиси навбатии ҳисоботӣ-интихоботии Ассосиатсияи ҷумҳуриявии журналистон “Медиа-Алянси Тоҷикитсон имрӯз, 14 сентябр баргузор шуд.

Тавре хабаргузории “Авеста” иттилоъ медиҳад, дар он менеҷери маъруфи расонаии тоҷик ва коршинос Абдумалик Қодиров дабири кулли алянс интихоб шуд.

Дар ин вазифа ӯ Муним Оламов, мудири кулли газетаи «ИмрузNews»-ро иваз кард.

Номзадии Абдумалик Қодиров якдилона ҷонибдорӣ шуд. Қаблан ӯ ба ҳайси роҳбари дафтари кории«Internews Network» дар Тоҷикистон кор мекард.

“Медиа-Алянси Тоҷикистон” 31 июли соли 2005 таъсис дода шудааст. Айни замон он як қатор васоити ахбори омма, аз қабили ТВ ва радиои «Регар» (Турсунзода), ШТР «Ватан», АИ «Авеста.Tj», газетаи «Вечёрка» (сомонаи vecherka.tj), «Фараж» (faraj.tj), «Самак», «Ману ту», «Варзиш-Спорт» (sports.tj), ТҶ «Даст ба даст» (dastbadast.tj), сомонаи TajikMama.tj ва дигар расонаҳоро муттаҳид месозад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...