Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Фаронса ва Фаронса дар Тоҷикистон ва бахши хусусии Тоҷикистону Фаронса иштирок намуданд. “Зимни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Фаронса ва Фаронса дар Тоҷикистон ва бахши хусусии Тоҷикистону Фаронса иштирок намуданд.

“Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби Кумита барои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

Роҳбарияти MEDEF иброз намуд, ки дар мавриди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологии вобаста ба падемияи коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон, омодааст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Фаронсаро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Тоҷикистон сафарбар намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.