Фурсат камӣ кард. Орзуи президентшавии адвокати ҷавон аз Хоруғ ҷомаи амал напӯшид

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, 30 рӯз пеш аз интихоботи президент қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ қатъ мегардад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расид. “То ин вақт аз адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, 30 рӯз пеш аз интихоботи президент қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ қатъ мегардад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расид.

“То ин вақт аз адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод нашуд”, – изҳор дошт ба Азия Плюс” раиси дастагоҳи КМИР ҶТ Наврӯз Самадзода.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5%-и имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.

Дар КМИР аз эҳтимол дур намедонанд, ки адвокати ҷавон ба дастгирии ин миқдор шумори интихобкунандагон даст наёфтааст.

Қаблан адвокати 30-сола аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов изҳор дошт, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президент ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад.

Ин тасмими худро ӯ дар навори видеои рӯзи 2 сентябр нашршуда дар Facebook ва Youtube баён кард. Дар навор Иргашов дар бораи сабабҳои пешбарии номзадиаш мухтасар маълумот дода, дар ҷамъоварии шумори зарурии имзоҳо кумак хост.

Мусоҳибаи хабарнигори “Азия-Плюс” бо Фаромуз Иргашов бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи 13 сентябри КМИР Тоҷикистон 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.

Имрӯз КМИР масъалаи сабти расмии номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон – раиси он Саидҷаъфар Усмоновро баррасӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.