КМИР 5 номзадро ба мансаби президетӣ расман ба қайд гирифт

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд. Номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвоёни Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффоров, […]

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.

Номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвоёни Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Рустам Раҳматзода расман сабтином шуданд.

Масъалаи сабти расмии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон – раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро КМИР имрӯз, 14 сентябр баррасӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба маъракаи интихоботи президентӣ таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.