21 сентябр Русия парвозҳои мустақимро эҳё мекунад, вале на бо Тоҷикистон

Русия аз 21 сентябр бо Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон парвозҳои мустақимро аз сар мегирад. Ин тасмимро Ситоди марбут ба пешгирӣ аз коронавируси ин кишвар гирифтааст, гуфтааст хабаргузории расмии ТАСС. Русия парвозҳои байналмилалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус эҳё мекунад. Ҳамчунин Русия аз 27 сентябр ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ ҳам аз […]

Asia-Plus

Русия аз 21 сентябр бо Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон парвозҳои мустақимро аз сар мегирад. Ин тасмимро Ситоди марбут ба пешгирӣ аз коронавируси ин кишвар гирифтааст, гуфтааст хабаргузории расмии ТАСС.

Русия парвозҳои байналмилалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қирғизистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус эҳё мекунад. Ҳамчунин Русия аз 27 сентябр ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ ҳам аз сар мегирад.

Ин парвозҳо аз ҳар ду тараф дар як ҳафта як бор сурат мегиранд. Ҳамчунин сар аз 21 сентябр дар Русия барои шаҳрвандони ин кишвар дигар парвозҳои содиротӣ ташкил намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавонавардии Узбекистон фурӯши озоди билетро барои парвозҳои чартерӣ аз Тошканд ба Маскав эълон кардаст.

Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 16 то 30 сентябр 71 парвози иловагӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил кунад. Ҳамаи ин парвозҳо аз сӯйи ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.

То кунун ҳеч иттилои расмие дар даст нест, ки баъди 30 сентябр оё парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия эҳё мешаванд ё не.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.