ВКД тафтиши пешакии парвандаи латукӯби Абдулло Ғурбатиро қатъ кард

Муфаттиши қазияи лату кӯби хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) муҳлати тафтиши пешакии қазияро ба далели мушаххас нашудани шахсони гумонбар қатъ кард. Дар ин бора “Маркази мустақили ҳуқуқи инсон”, ниҳоде, ки ҳимояи ҳуқуқии рӯзноманигорро ба дӯш дошт, хабар медиҳад. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ки “аз аввал медонист, ки шахсияти ин ҳамлаварон муайян намешавад ва […]

Asia-Plus

Муфаттиши қазияи лату кӯби хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) муҳлати тафтиши пешакии қазияро ба далели мушаххас нашудани шахсони гумонбар қатъ кард. Дар ин бора “Маркази мустақили ҳуқуқи инсон”, ниҳоде, ки ҳимояи ҳуқуқии рӯзноманигорро ба дӯш дошт, хабар медиҳад.

Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ки “аз аввал медонист, ки шахсияти ин ҳамлаварон муайян намешавад ва парванда дар нимароҳ мемонад. Зеро то ин вақт қазияҳои зиёди лату кӯби хабарнигороон нокушода боқӣ монда буд”.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ шаби 11 май дар наздикиҳои бозори “Корвон” аз сӯйи ду нафар шахси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Ин ҳамлаи нахустин ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ буд ва баъдан ин рӯзноманигор 29-уми май дар ноҳияи Хуросон, замоне, ки мехост доир ба вазъи селзадагони ин ноҳия гузориш омода кунад аз сӯйи се нафари дигар лату кӯб шуд.

Абдулло Ғурбатӣ баъди қазияи лату кӯб дар назди бозори “Корвон” ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат ва ҳамчунин доир ба ин қазия дар саҳфаи фейсбукияш хабар дода буд. Он замон Ғурбатӣ гуфта буд, ки ман комилан ба ин боварам, ки ин ҳамла ба фаъолияти касбии ман рабт дорад.

14 май  торнамои ВКД иттилоъ дода буд, ки бар пайи ин ҳодиса бар асоси моддаи “авбошӣ” парванда кушода шудааст ва худи Ғурбатиро “ҷабрдида” эътироф намуда буд. ВКД он замон гуфта буд, ки ин қазия зери назари шахсии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қарор дорад.

Бар пайи қазияи дувуми лату кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон додгоҳи ин ноҳия се нафарро барои вайрон кардани муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохт ва ҳар кадомеро ба андозаи 580 сомонӣ ҷарима баст. Вале шахсони ҳамлавар дар қазияи аввал ҳамоно номаълум боқӣ мондаанд.

Қазияҳои лату кӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз қазияҳои пурсарусадое буданд, ки чандин созмонҳои байналмилалӣ низ аз мақомоти Тоҷикистон тафтиш ва баҳогузории мунсифонаи ин қазияро дархост намуда, хостори ба муҷозот кашидани омилони қазия шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.