Рустами Эмомалӣ барои худ ёвар меҷӯяд

Мувофиқи амри раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Комиссияи махсуси дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ барои ишғоли вазифаи ёвари раис оид ба масъалаҳои умумӣ озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти МММО ҶТ, тибқи шартҳои озмун, довталабон ба вазифаи ёвари раиси бояд маълумоти олӣ, 7 сол собиқаи корӣ ё 6 сол собиқаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи амри раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Комиссияи махсуси дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ барои ишғоли вазифаи ёвари раис оид ба масъалаҳои умумӣ озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти МММО ҶТ, тибқи шартҳои озмун, довталабон ба вазифаи ёвари раиси бояд маълумоти олӣ, 7 сол собиқаи корӣ ё 6 сол собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ дошта бошанд.

Ғайр аз ин довталабон бояд меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дониста, аз дониш ва малакаи роҳбарӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон бархӯрдор бошанд.

Номзадҳо инчунин бояд дорои малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

Барои ёвари раиси Маҷлиси миллӣ донистани донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер ҳатмӣ аст.

Музди меҳнати ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 3 ҳазору 336 сомонӣ муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.