Дар ҷанҷоли мухлисони футбол дар Хоруғ 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд

Миёни мухлисони футбол дар бозии дастаҳои маҳаллаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло” баъди анҷоми бозӣ ҷанҷолу сангзанӣ ва муноқиша сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои торнамои ВКД Тоҷикистон ин бозӣ бегоҳии 19 сентябр дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи №2-и Хоруғ сурат гирифтааст. ВКД хабар медиҳад, ки дар натиҷаи сангзанӣ “аз ҳарду ҷониб […]

Asia-Plus

Миёни мухлисони футбол дар бозии дастаҳои маҳаллаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло” баъди анҷоми бозӣ ҷанҷолу сангзанӣ ва муноқиша сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои торнамои ВКД Тоҷикистон ин бозӣ бегоҳии 19 сентябр дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи №2-и Хоруғ сурат гирифтааст.

ВКД хабар медиҳад, ки дар натиҷаи сангзанӣ “аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 дона шишаи тирезаи мактаби №2, 7 шишаи хонаҳои истиқоматӣ, 6 автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 дона шишаи тирезаи бинои БДА «Амонатбонк» шикаста шудааст".

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло маълум нест, ки далели аслии ҷанҷол чист ва пушти ин қазия чӣ касоне қарор доранд. ВКД танҳо гуфтааст, ки “чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳгорон гузаронида шуда истодааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.