Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои нави мошингард боз мекунанд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 18 сентябри соли равон ҳайати намонядагони Вазорати нақлиёти  Ӯзбекистонро бо роҳбарии муовини аввали вазир Илҳом Маҳкамов ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд. “Дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 18 сентябри соли равон ҳайати намонядагони Вазорати нақлиёти  Ӯзбекистонро бо роҳбарии муовини аввали вазир Илҳом Маҳкамов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд.

“Дар мулоқот   масоили интиқоли бемайлони бору мусофир миёни ду давлати дӯсту бародар баррасӣ гардиданд, – қайд мешавад дар хабар. – Бахусус, масоили афзун намудани интиқоли бор миёни давлатҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва кушодани ҳатсайрҳои нав дар роҳҳои автомобилгард низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт”.

Азим Иброҳим гуфтааст, маълум аст, ки вазъи моҳҳои охир, даврони дар пондемия қарор доштани кулли ҷаҳон бори дигар моро муътақид сохт, ки  нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар мавқеи хосса дорад.

“Аз ин хотир бояд дар густариши ҳамкориҳо дар ин самт низ боз ҳам бештар талош намоем”, – таъкид доштааст вазир.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо баҳри пешравии ҳамкориҳо фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.