Даргузашти Дилбар Халилова мудири ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор»

Дилбар Халилова, мудири ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар Душанбе, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Наздикони Дилбар Ҳалимова мегӯяд, ки ӯ ду соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд. Наздикони Халилова ба  “Asia-Plus” хабар доданд, ки ҷанозаи ӯ соати 11-и имрӯз дар хонаашон, маҳаллаи Боғи Ирам, Гулсанг 31 доир […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дилбар Халилова, мудири ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар Душанбе, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Наздикони Дилбар Ҳалимова мегӯяд, ки ӯ ду соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Наздикони Халилова ба  “Asia-Plus” хабар доданд, ки ҷанозаи ӯ соати 11-и имрӯз дар хонаашон, маҳаллаи Боғи Ирам, Гулсанг 31 доир мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз фаъолону корбарон аз марги бармаҳали ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори афсӯсу надомат кардаанд. Аз ҷумла Аҳлиддин Салимов журналисти тоҷики муқими Амрико аз ӯ ба унвони як шоҳсутуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ёд кардааст: “Даргузашти яке аз шоҳсутуни ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Дилбар Халилова талафоти бузургест барои ҷомеаи Тоҷикистон”. Ин рӯзноманигор навиштааст, ки Дилбар сабаб шуда ва ёриву раҳнамоӣ карда, ки садҳо ташкилоти ҷамъиятӣ сабти ном шавад ва фаъолияташонро барои демократӣ  кардани Тоҷикистон, беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, донистани ҳуқуқ ва озодиҳо ва ғайраҳо ба роҳ монданд.

Дилбар Халилова соли 1996  ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» таъсис намуд ва аз соли 2018 ба ин сӯ мудири кулли ин ниҳод буд.  Ин созмон дар роҳи мусоидат намудан ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи расонидани ёрии машваративу фаннӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии навтаъсис, ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, ёрӣ расонидан ба қишрҳои камбизоати аҳолӣ фаъолият мекард. 

Ӯ қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раиси Иттиҳодияи кӯдакону наврасон кишвар фаъолият кардааст. Барои саҳмаш дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ӯ ҷоизаи давлатӣ – ордени Шараф дараҷаи II тақдим шудааст. Марҳум аз соли 1998 узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.