Мувофиқаи самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни Душанбе ва Пекин

Даври навбатии ройзаниҳо (машваратҳо)-и сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 23 сентябр дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд. Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо […]

Asia-Plus

Даври навбатии ройзаниҳо (машваратҳо)-и сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 23 сентябр дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳаммияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари ҳамҷавор таъкид гардид.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти шуюи вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.

Инчунин тарафҳо ба ҳамкории самарбахш дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ва созукори навтаъсиси “Осиёи Марказӣ – Чин” изҳори умедворӣ карданд. Тарафҳо ин ду ҳамоишро шакли муҳимми тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.

Зикр мегардад, ки тарафҳо масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии кишвар – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти кишвар аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро баррасӣ карданд.

Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё  изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвари дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?