Ошкор шудани қатлгоҳи ду қотил дар Варзоб: ду ҷасади зан дошт

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ду сокини Душанбе бо гумони даст доштан дар куштори ду ҷавонзан хабар медиҳад. Бино ба хабари  дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе, Сафаров Дониёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич якҷоя шаҳрванди 29-сола, Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна, сокини Душанбешаҳрро, ки аз моҳи январи соли 2018 дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо бераҳмии […]

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ду сокини Душанбе бо гумони даст доштан дар куштори ду ҷавонзан хабар медиҳад. Бино ба хабари  дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе, Сафаров Дониёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич якҷоя шаҳрванди 29-сола, Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна, сокини Душанбешаҳрро, ки аз моҳи январи соли 2018 дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо бераҳмии махсус ба қатл расонидаанд.

РВКД Душанбе дар хабараш меоварад, ки корҳои муштаракаи кормандони прокуратураи ноҳияи Сино ва милитсияи пойтахт “дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб, мавзее, ки тахминан 50-60 метр ҷуқурӣ дорад, аз зери хок ду ҷасади ҷинси занро” ошкор кард.

Ташхиси тиббӣ-додгоҳии ҷасадҳо мушаххас кардааст, ки шахсони фавтида, аз марги маъмулӣ не, балкӣ аз роҳи зуроварӣ – буғӣ  кардан ба ҳалокат расонида шудаанд.

Видеои дафтари матбуоти РВКД Душанбе

Ба иттилои милитсияи пойтахт, ин ду: ҷасади Замира Ҳайдарова ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини дигари 19- солаи Душанбе будаанд, ки Замирамоҳ Ҳайдарова бо Дониёр Сафаров ошноии тӯлонӣ доштааст. “Гумонбаршаванда Сафаров Дониёр бо Ҳайдарова Замирамоҳ муддати тулонӣ шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди лату куб қарор дода, бо рафиқаш Раупов Саъдулло нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ намудаанд”,- омадааст дар хабарнома.

Бино ба ин хабарнома, моҳи январи соли 2018 Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло баъд аз мавриди лату куб қарор додани Замирамоҳ Ҳайдарова ӯро дар бағоҷи автомашинаи худ ҷойгир ва бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд.  Аз торикии шаб ва набудани ҳеҷ кас дар атроф истифода карда, гумонбарон аз оҷизии Ҳайдарова суйистифода бурда, мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус, бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ба хотири пинҳон намудани изи ҷинояташон, гумонбарон ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50-метр зери хок пинҳон кардаанд.

Дар хабарномаи миллисаи пойтахт омадааст, ки Меҳрафрӯзи Холмирзо, ки ҷасади дигари ёфтшуда мебошад, низ аз сӯйи Саъдулло Раупов кушта шудааст. Милисаи пойтахт мегӯяд, ки “гумонбаршуда Саъдулло Раупов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба автомашинаи шахсии худ савор намуда, баҳри амалӣ намудани нияти нопоку ноҷавонмардонаи худ дар дохили автомашина ӯро мавриди латукуб қарор додаст. Аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизии ӯ истифода бурда, ба макони қаблан ҷиноят содирнамудаашон, яъне теппаҳои деҳаи Харангон рафта, Саъдулло Раупов ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро кардааст. Баъди аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад гумонбаршуда Раупов Саъдулло Меҳрафрӯзи Холмирзоро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст”.

Дафтари матбуоти РВКД Душанбе мегӯяд прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбат ба гумонбаршудагон Раупов Саъдулло ва Сафаров Дониёр бо модаи 104 қисми 2-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Милисаи пойтахт таъкид кардааст, ки “барои содир кардани чунин ҷинояти махсусан вазнин-одамкушӣ гумонбаронро маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлатҳои тулонӣ дар пеш аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.