Кумитаи дин: рафтани тоҷикон ба Ҳаҷҷи умра ҳанӯз дақиқ нест

Шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки Арабистони Саудӣ барои адои умра ё Ҳаҷҷи умра иҷоза медиҳад ҳанӯз дақиқ нест, зеро Арабистони Саудӣ то кунун рӯйхати ин кишварҳоро нашр накардааст. Афшини Муқим, сухангйи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо баъди нашр шудани ин рӯйхат дақиқ мешавад, ки шаҳрвандони мо метавонанд умра кунанд ё не. Ин […]

Шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки Арабистони Саудӣ барои адои умра ё Ҳаҷҷи умра иҷоза медиҳад ҳанӯз дақиқ нест, зеро Арабистони Саудӣ то кунун рӯйхати ин кишварҳоро нашр накардааст. Афшини Муқим, сухангйи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо баъди нашр шудани ин рӯйхат дақиқ мешавад, ки шаҳрвандони мо метавонанд умра кунанд ё не.

Ин иттилоъ дар ҳолест, ки дирӯз Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили Ҳаҷҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Тибқи ин санад, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имкон доранд аз 1-уми ноябри имсол ин маросимро ба ҷо биоранд. Вале Кумитаи дин мегӯяд, ки танҳо баъди нашр шудани рӯйхати кишварҳое, ки иҷоза доранд, ба ташкил ва сафарбар кардани зоирин оғоз мекунад.

“Ҳоло то замоне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи сафари умра ба Арабаистони Саудиро пайдо мекунанд, бештар аз як моҳ фурсат аст. Дар сурати шомили ин рӯйхат шудани Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ ва ширкатҳое, ки сафари умраро созмондеҳӣ мекунанд, шарту шароити сафари зоиронро муайян мекунанд. Ҳоло чизе дақиқ нашудааст. Аммо мо хеле умедворем, ки вазорати беҳдошти Саудӣ Тоҷикистонро шомили ин рӯйхат мекунад”,-мегӯяд Афшини Муқим.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баъди нашри рӯйхати кишварҳо имкон доранд ҳамроҳ бо шаҳрвандони Арабистони Саудӣ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари бемории сироятии "КОВИД-19" ин маросими барои мусалмонон муқаддасро, анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон маросими умраро адо карда буданд. Дар Тоҷикистон ба ҳамлу нақли зоирини умра ду ширкат «Расул» ва «Ормон» сару кор доранд.

Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.