Анҷоми давраи раёсати Тоҷикистон дар МҲТЭ дар Осиё

Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) 24 сентябр баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раис иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо […]

Asia-Plus

Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) 24 сентябр баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раис иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Гуфта мешавад, зимнан вазир ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Тоҷикистон дар МҲТЭ ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ин ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкориҳои гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Зикр мегардад, ки  Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли равон ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Қазоқистон супорид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.