Сафорати Тоҷикистон ҳодисаи лату кӯби кормандашро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифааш дар Facebook доир ба ҳодисаи рӯзи 24 сентябр дар қаламрави намояндагиии дипломатӣ рухдода маълумот ба нашр расонид. “24 сентябр зимни қабули аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба рӯйхати парвозҳои чартерӣ, ба корманди сафорат бо расонидани зарари ҷисмонӣ ҳамла содир карда шуд”, – омадааст дар иттилоия. Гуфта […]

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифааш дар Facebook доир ба ҳодисаи рӯзи 24 сентябр дар қаламрави намояндагиии дипломатӣ рухдода маълумот ба нашр расонид.

“24 сентябр зимни қабули аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба рӯйхати парвозҳои чартерӣ, ба корманди сафорат бо расонидани зарари ҷисмонӣ ҳамла содир карда шуд”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, шахсони ҳамлагар фавран дастгир шуда, айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати муайян намудани ҷузъиёти ҳодисаи баамаломада, аз ҷумла мақсади ҳамла чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.

“Маълумоти дар ВАО паҳншуда, роҷеъ ба он, ки ҳамла ба корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гӯё бо сабаби муносибати дағалона бо шаҳрвандон ба вуқӯъ омада бошад, комилан нодуруст аст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Дар ин робита, сафорат аз намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми инъикоси ин ё он, рӯйдоди марбут ба раванди таҳвили шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, бо ҳисси масъулиятнокии бештар рафтор намоянд.

Ҳамзамон, сафорат иттилоъ додааст, ки аз замони қатъи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия то имрӯз, зиёда аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки як манбаъи наздик ба доираҳои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus”  изҳор дошта буд, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.