Мансурҷон Умаров: Шифо ёфтам, аммо ҳанӯз бемадориро ҳис мекунам

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд, бар ин беморӣ пирӯз шуда, аз беморхона рухсат шудааст. Умаров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатияш хуб шуда бошад ҳам, беҳолӣ ва бемадорӣ ӯро каме азият медиҳад. “Баъди тақрибан як моҳ аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд, бар ин беморӣ пирӯз шуда, аз беморхона рухсат шудааст.

Умаров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатияш хуб шуда бошад ҳам, беҳолӣ ва бемадорӣ ӯро каме азият медиҳад.

“Баъди тақрибан як моҳ аз беморхона рухсат шудам ва ҳоло дар хона қарор дорам. Худро беҳтару хубтар ҳис мекунам, аммо беҳолӣ ва бемадорӣ то ҳол дар вуҷудам эҳсос мешавад. Рӯзҳои наздик ба кор шуруъ мекунам ва умед аст ҳама мушкилот паси сар мешавад”, – гуфт сардори СИҶҶ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз куҷо сироят ёфтан ба бемории коронавирус ҳанӯз барояш маълум нест, вале мегӯяд, бемориро дар бемористони бемориҳои сироятии кӯдакона хеле вазнин паси сар нумудааст.

“Аз куҷо сироят ёфтан аз бемориро аниқ намедонам. Бемориро вазинин гузарондам. Бо кӯмаки табибон аз панҷаи беморӣ раҳо ёфтам. Аз ҳамаи табибон сипосгузорам, ки ба маризон шифо мебахшанд”, – афзуд Умаров.

Бояд қайд кард, ки то субҳи 28-уми сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид.

Бино ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.