Марде дар Конибодом сӯи ҳамсояҳои занаш тирпарронӣ кард

Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Конибодомро ба гумони суиқасд ба куштор  боздошт намуданд. Ин мард сӯи ҳамсояҳои ҳамсараш бетартибона тирпарронӣ кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр ҷавони 24-солаи сокини Конибодом дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Конибодомро ба гумони суиқасд ба куштор  боздошт намуданд. Ин мард сӯи ҳамсояҳои ҳамсараш бетартибона тирпарронӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр ҷавони 24-солаи сокини Конибодом дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.

“Баъдан ӯ ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи «Тула», (ки санаи 04.11.с.2019 барои истифода бурдан, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштан рухсатнома дода шудааст) мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ 1-маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ парронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳо кӯчаи Ҳолматов рафтааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28, 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пулотони ҳамин шаҳр овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча мебароянд ва гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 237, қ 3 (Авбошӣ бо истифода аз силоҳ), 32 (Суиқасд ба ҷиноят) ва 104, қ.2 (Суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.