Наҷотбахшон ҷасади як ноболиғ аз Рӯшонро ҷустуҷӯ доранд

Хонандаи синфи 9-ум аз маркази ноҳияи Рӯшон ВМКБ рӯзи 1 октябр дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳоло ҷузъиёти ин амали худкушӣ маълум набуда, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то кунун бенатиҷа будааст. Гуфта мешавад, наҷотбахшон чанде пеш дар соҳили дарёи […]

Asia-Plus

Хонандаи синфи 9-ум аз маркази ноҳияи Рӯшон ВМКБ рӯзи 1 октябр дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳоло ҷузъиёти ин амали худкушӣ маълум набуда, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то кунун бенатиҷа будааст.

Гуфта мешавад, наҷотбахшон чанде пеш дар соҳили дарёи Ғунд ҷасади зани 71-солаи сокини ноҳия Шуғнон Зайнилмо Чоршанбиеваро дарёфт кардаанд, ки ҳанӯз 22 август аз хона баромада, бедарак шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин субҳи 1 октябр дар ҳавзи таъмини шабонарӯзии об дар шимоли Душанбе ҷасади як марди шахсияташ номаълум дарёфт шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.