Ба буҷети давлатӣ $55 млн камтар аз нақша маблағ ворид шуд

Дар давраи моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16 млрд 506 млн сомониро ташкил дод, ки 3,3% аз нақшаи тасҳеҳшуда камтар аст, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ба ин тариқ, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 565 млн сомонӣ (ҳудуди 55 млн доллар) камтар аз нақша маблағ ворид шуд. Камбуди буҷет […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар давраи моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16 млрд 506 млн сомониро ташкил дод, ки 3,3% аз нақшаи тасҳеҳшуда камтар аст, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ба ин тариқ, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 565 млн сомонӣ (ҳудуди 55 млн доллар) камтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Камбуди буҷет дар навбати аввал, ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ наздики 68%-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин қисмати хароҷоти буҷет иҷро нашуд: маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.

Нисбатан аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд. Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Аввали моҳи октябр дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт.

Тасдиқи маълумоти мазкур дар сохторҳои марбутаи кишвар муяясар нагардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.