Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтоҳояш аз ИДМ онлайн дидор мекунад

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳафтаи оянда бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ мулоқот мекунад. Ӯ рӯзи 6 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои Иттиҳод тариқи онлайн иштирок мекунад. Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳод бинобар сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ бори нахуст дар чунин шакл вомехӯранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳафтаи оянда бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ мулоқот мекунад. Ӯ рӯзи 6 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои Иттиҳод тариқи онлайн иштирок мекунад.

Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳод бинобар сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ бори нахуст дар чунин шакл вомехӯранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад.

Дар ҷаласа инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи аввал (солҳои 2021-2025)-и стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки қаблан баргузории ҷаласа дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, зеро раёсати Итиҳодро соли ҷорӣ Ӯзбекистон бар дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.