Дар Хатлон таваллуди писар нисбат ба духтар зиёд шудааст

Дар 9 моҳи соли 2020 модарони вилояти Хатлон 2 ҳазору 149 писар бештар аз духтар таваллуд кардаанд. Як манбаъ аз Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тайи 9 моҳи соли 2020 дар вилояти Хатлон 65 ҳазору 841 ҳолати сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар 9 моҳи соли 2020 модарони вилояти Хатлон 2 ҳазору 149 писар бештар аз духтар таваллуд кардаанд.

Як манбаъ аз Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тайи 9 моҳи соли 2020 дар вилояти Хатлон 65 ҳазору 841 ҳолати сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 610 навзод зиёд аст.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки аз ҷамъи умумии навзодҳо 34 ҳазору 800 писар ва 32 ҳазору 651 нафарашро духтар ташкил медиҳад.

Ба гуфти ин масъули шуъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ, агар дар қисме аз шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои таваллуд рӯ ба афзоиш оварда бошад, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар кам шудааст.

Масалан дар ноҳияи Қубодиён  дар қиёс ба 9 моҳи соли гузашта 574 ҳолати таваллуд зиёд шудааст. Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷайҳун  339 ва Кӯлоб 230.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар бошад ҳолати таваллуд дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Аз ҳама бештар дар Панҷ 184, Ёвон 80, Ҷалолиддини Балхӣ 73 ва шаҳри Бохтар 134 ҳолати таваллуд кам шудааст.

Ҳамчунин дар ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Шаҳритус, Данғара, Темурмалик, Фархор, Шамсиддин Шоҳин низ аз 36 то 6 ҳолати таваллуд кам шудааст.

Имсол аз 1 то 15-уми октябр дар Тоҷикистон рӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд, ки ба гуфтаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини он дар моҳи январ расонаӣ хоҳанд шуд. Бар пайи ин рӯйхатгирӣ маълум хоҳад шуд, ки аҳолии воқеии Тоҷикистон дар 10-соли ахир чӣ қадар зиёд шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.