Парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд то поёни сол сурат намегиранд

Мақомоти ҳар ду кишвар то ҳанӯз натавонистаанд, ки санаи дақиқи парвозҳо миёни пойтахтҳоро мушаххас кунанд. Дар миёнаҳои моҳи октябр мақомоти ҳар ду кишвар эҳтимоли оғози парвозҳоро дар 1-уми ноябри имсол баррасӣ карда буданд, баъдан оғози парвозҳоро ба 1-уми декабр мавқуф гузоштанд. Ҳоло санаи 1-уми январи 2020 баррасӣ мешавад, – мегӯяд як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати кишвар. […]

Мақомоти ҳар ду кишвар то ҳанӯз натавонистаанд, ки санаи дақиқи парвозҳо миёни пойтахтҳоро мушаххас кунанд. Дар миёнаҳои моҳи октябр мақомоти ҳар ду кишвар эҳтимоли оғози парвозҳоро дар 1-уми ноябри имсол баррасӣ карда буданд, баъдан оғози парвозҳоро ба 1-уми декабр мавқуф гузоштанд.

Ҳоло санаи 1-уми январи 2020 баррасӣ мешавад, – мегӯяд як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати кишвар.

Манбаъ мегӯяд, ки вазъи душвори эпидемологӣ бар пайи ҳамагирии коронавирус дар ҳар ду кишвар имкон намедиҳад, ки сари ин масъала тасмими зуд ва ниҳоӣ гирифта шавад.  

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо ба Тошканд дастур гирифтааст, вале сана ва реҷаи дақиқи парвозҳо ҳанӯз маълум нест.

Дар ин Оҷонсӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар воқеъ онҳо иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо пешгирии коронавирус дар кишварро дар робита ба азсаргирии парвозҳо бо Узбакистон, гирифтаанд.

"Ин гуна иҷозаро ҳамтоёни ӯзбеки мо ҳам доранд, вале санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз мушаххас нест. Пеш аз парвозҳо бояд ҳамаи мушаххасот дақиқ шавад: кадом ширкатҳо парвозҳоро анҷом медиҳанд, кадом реҷа аст ва масоили марбут ба ҳамагирӣ низ”,-гуфтанд дар Оҷонсӣ.  

Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои баррасии ин ва масоили дигар рӯзҳои наздик мулоқоти онлайнии мақомоти ҳавонавардии ду кишвар сурат мегирад, ки интизор меравад дар ин дидор санаи дақиқи парвозҳо ва тартиби хатсайрҳои масири Душанбе-Тошканд-Душанбе маълум шавад.

Бояд гуфт, ки пештар бархе аз расонаҳо дар такя ба Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дода буданд, ки эҳтимол парвзи нахустин миёни пойтахтҳои ҳар ду кишвар пас аз ҳамагирӣ 28-уми октябр сурат бигирад.

Пештар гуфта шуда буд, ки мақомоти ҳар ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки парвозҳои мустақимро аз сар бигиранд. Парвзҳои мустақими миёни Душанбеву Тошканд 16 марти имсол қатъ шуда буд.

Ба ҷуз  Тоҷикистон, Ӯзбекистон 16 март  марзҳояшро бо кишварҳои дигари ҳамсоя низ баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.