Сиҳат будааст: парвандаи зане, ки гӯё 4 фарзандашро кушта буд ба додгоҳ рафт

Парвандаи ҷиноятии нисбат ба Назокатхон Тоирова, ки гуфта мешавад моҳи сентябр чор фарзанди ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд, бо эълони фикри айбдорӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд. Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба Додгоҳи вилояти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Парвандаи ҷиноятии нисбат ба Назокатхон Тоирова, ки гуфта мешавад моҳи сентябр чор фарзанди ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд, бо эълони фикри айбдорӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.

Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.

“Баъди он ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис гузарондаву Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, муфатиш нисбат ба ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ айб эълон карда, парвандаро ба суд ирсол кард. Худи Назокатхон Тоироваро аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боздоштгоҳи пешакӣ дар шаҳри Бохтар инқтиқол доданд”, – гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  қаблан Назокатхон Тоирова, зане, ки гуфта мешавад дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани вазъи равонияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода буданд.

Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” дар Додситонии ивлояти Хатлон, пештар бар асоси хулосаи ташхиси додгоҳию равонпизишкӣ ва амбулатории Муасисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии” назди Вазорати тандурустӣ Назокатхон Тоирова барои муайян кардани вазъи равонӣ ва ин ки оё гирифтори бемории равонӣ аст ё не, дар беморхонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ  бистарӣ карда шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён Назокатхон Тоирова  бо роҳи буғӣ кардан чор фарзанди худро кушта, баъдан худаш ба ШВКД дар шаҳри Бохтар омада аз ин ҷиноят хабар медиҳад.

Он замон як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, гуфта буд, ки ин зан кӯдаконро бо шеваи мудҳише ба қатл расонидааст. Ин манбаъ ҳамчунин гуфта буд, ки нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104, қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “и” (куштор)  КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.