UnionPay International Co. – оператори нави низоми пардохти Тоҷикистон

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ширкати UnionPay International Co. иҷозатномаи фаъолият ба сифати оператори низоми пардохтро дод. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи фаъолият дар ин самт ба ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст. Бо ҳамин қарор Идораи низоми пардохт уҳдадор карда шудааст, ки ин […]

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ширкати UnionPay International Co. иҷозатномаи фаъолият ба сифати оператори низоми пардохтро дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи фаъолият дар ин самт ба ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Бо ҳамин қарор Идораи низоми пардохт уҳдадор карда шудааст, ки ин ширкатро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабт намояд.

Қобили зикр аст, ки дар рӯйхати операторони низоми пардохти БМТ то ин замон 15 ширкат сабт шудаанд.

UnionPay International ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин буда, ба фаъолият берун аз ҳудуд ин кишвар мутамарказ шудааст.

Ширкати мазкур ба истифодаи кортҳо барои пардохти маблағи хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин гирифтани пули нақд дар 179 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад. Кортҳои UnionPay дар зиёда аз 61 давлат нашр мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.